Маросими истиқболи расмӣ дар Ҷумҳурии Узбекистон
26 март дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди Қасри “Куксарой” сурат гирифт.
Меҳмони олимақом - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват намуданд.
