Ифтитоҳи Маҷмааи гармхонаҳои ҶДММ Гулнур дар шаҳри Норак
24 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак ба фаъолияти Маҷмааи гармхонаҳои Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Гулнур оғоз бахшиданд.
Маҷмааи гармхонаҳо дар масоҳати 10 гектар замини бекорхобида ташкил карда шуда, 6 гектари он барои бунёди гармхонаҳои муосир пешбинӣ гардидааст. То имрӯз 3 гектар пурра обод шуда, мавриди истифода қарор гирифтааст, ки дар 1 гектари он гули садбарг ва дар 2 гектар гулҳои гуногуни мавсимӣ бо истифода аз усулҳои муосири агротехникӣ парвариш меёбанд.
