Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №9 дар маҳаллаи Ховарони шаҳри Душанбе
27-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №9-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Баъди пардабардорӣ аз рӯи лавҳаи рамзӣ ва ифтитоҳи расмии муассиса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо шароити таҳсил дар он шинос шуданд.
