Мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай
20 октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо дар шаҳри Душанбе қарор доранд, мулоқот намуданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмононро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба кори ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо барору комёбӣ орзу намуданд.
Таъкид гардид, ки таҳаввулоти кунунии ҷаҳонӣ аҳамияти Созмони ҳамкории Шанхайро ҳамчун майдони муколамаи созанда ва ҳамкории барои ҷонибҳо судманд таъкид менамояд.
