Супоридани хонаҳои истиқоматӣ ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Нуробод
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Нуробод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хонаҳои нави истиқоматиро, ки барои оилаҳои аз офати табиӣ зарардида бунёд шуда буд, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи навбунёд аз хонаҳои истиқоматӣ дидан карда, ба корҳои анҷомдодаи сохтмончиён баҳои баланд доданд.
Биноҳои нави истиқоматӣ дар муддати қариб ду моҳ бунёд шуда, бо тамоми ашёи рӯзгор пурра таъмин мебошанд.
