Суханронӣ дар чорабинии сатҳи баланд зери унвони “Даъвати глобалии Саммити Оянда”
Муҳтарам ҷаноби НАНГОЛО МБУМБА, Президенти Ҷумҳурии Намибия,
Муҳтарам ҷаноби ОЛАФ ШОЛТС, Кантслери федералии Олмон,
Муҳтарам ҷаноби АНТОНИУ ГУТЕРРИШ, Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,
Хонумҳо ва ҷанобон!
Пеш аз ҳама, мехоҳам ба Ҷумҳурии Намибия ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон барои баргузории ин чорабинии муҳим дар раванди омодагӣ ба Саммити Оянда арзи сипос намоям.
Саммити Оянда на танҳо чорабинии навбатӣ дар рӯзномаи байналмилалӣ, балки фурсати муҳимме барои амалҳои дастаҷамъона ба мақсади ҳалли масъалаҳои глобалӣ мебошад.
