Боздид аз ҷараёни маҳаллаи навбунёд дар деҳаи Сафедмуни ноҳияи Тоҷикобод
12 сентябр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Тоҷикобод аз ҷараёни бунёди маҳаллаи нав дар деҳаи Сафедмуни ҷамоати деҳоти Қалъаи лаби об боздид намуданд.
Ҳоло деҳаи Сафедмун дорои 430-хоҷагӣ ва 4-ҳазор аҳолӣ мебошад. Маҳаллаи навбунёд аз 60 хонаи истиқоматӣ иборат хоҳад буд, ки барои қишри ниёзманди ноҳия, аз ҷумла ятимону маъюбон, бенавоён ва мисли онҳо пешбинӣ шудааст. Лоиҳаи иншооти мазкур дар заминаи ҳамкории ҷамъияти хайриявии “Тоҷикистон” бо шарикони хориҷии рушд бунёд мегардад.
