Мулоқот бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён
1 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тянҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат аз тамоюли афзояндаи тамосу мулоқот дар сатҳҳои олӣ ва баланд изҳори қаноат намуданд.
Ҷонибҳо ба густариши равобити иқтисодиву тиҷоратӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, ҳамлу нақли байналмилалӣ, илму фанновариҳо, кишоварзӣ, тандурустӣ ва дигар бахшҳои барои ҳарду ҷониб манфиатовар таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.
