Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд
19 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дастовардҳои сокинони вилоят, сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳо ва рафти корҳои ободонию созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатиро натиҷагирӣ намуданд.
