Мулоқот бо ятимон дар шаҳри Истиқлол 30.03.2023
30 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 100 нафар ятимони кул вохӯрӣ намуда, ба онҳо тӯҳфаҳо тақдим намуданд.
Барои ин наврасону ҷавонон, ки бо амри тақдир аз навозиши волидайн бенасиб мондаанд, дастархони идона ороста шуд. Ятимон бо шодию нишот аз дасти Сарвари раъийятпарвару инсондӯсти мамлакат либоси мактаби, пойафзол, шириниҳо, кӯмаки молӣ ва дигар тӯҳфаҳои арзишманд гирифтанд.
