Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқии “Имод” дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
31 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқии “Имод”-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷикгидроэлектромонтаж”-ро ифтитоҳ карданд.
Корхона дар масоҳати 7 гектар замин бо тарҳи замонавӣ ва мутобиқ ба меъёру стандартҳои байналмилалӣ бунёд гардида, биноҳои зери сохтмон 40 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.
