Ба истифода додани бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 дар шаҳри Хоруғ
27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро барои 1048 хонанда дар маҳаллаи ба номи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти нави таълимӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфтааст.
