Ифтитоҳи фосилавии 4 иншооти таъйиноти гуногун дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
8 июл зимни сафари корӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли орд барои макарон дар назди ҶДММ «Ирода Инвест», иншооти таъйиноти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва саноатиро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаи ҶДММ Суғдроҳсоз дар деҳоти Ғозиён оғоз бахшиданд.
