Мулоқот бо ятимони кулл аз ноҳияи Рӯдакӣ
26 октябр дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боғи фарҳангию фароғатии ноҳия бо зиёда аз 60 нафар ятими кулл аз ноҳияи Рӯдакӣ мулоқот доир намуда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар як сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат нахуст аз ҳолу аҳволи ятимону ниёзмандон бохабар гардида, бо вазъи зиндагии онҳо аз наздик шинос мешаванд.
